International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нахустин озмуни мӯди ИРБаХТ

Leave a comment

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар ҳайъати тими доварон дар нахустин озмуни мӯди Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) ба корҳои тарроҳони ҷавону тарроҳони ботаҷриба баҳо дод. Марҳилаи аввали озмун, ки дар он эҷодиёт, тахаюллот, ва сифоти корҳои тарроҳон дар ду бахш баҳо дода шуд, нимаи дувуми рӯзи 28-уми апрел дар Донишгоҳи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар номинатсияи “Тарроҳи либоси ҷавон дар байни донишҷӯён” ояндасозони олами тарроҳии Тоҷикистон аз шаш донишгоҳу донишкадаи соҳавии кишвар иштирок карданд. Дар номинатсияи “Тарроҳи либоси беҳтарин” тарроҳони таҷрибадори корхонаҳои дӯзандагии узви ИРБаХТ маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Ҳакамон ба нақшаи дизайни либосҳои пешниҳодшуда, интихоби матоъ, фурнитура ва ранг, сифати дӯхт, пешниҳоди модели либосҳо тавассути намоиши мӯд баҳо доданд. Натиҷаҳо баъдан дар Рӯзи кормандони саноати сабуки Тоҷикистон эълон мегарданд.

Leave a comment