International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе ва Хуҷанд – мизбони давраҳои омӯзишии МТБ доир ба омодасозии тренерон дар соҳаи дӯзандагӣ

Leave a comment

Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) барои 34 мутахассиси корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ доир ба беҳтар намудани фаъолияти дӯзандагон ва боло бурдани сатҳи маҳсулнокии кори онҳо баргузор менамояд. Ин мутахассисҳо дар оянда ба ҳайси тренер донишҳои андӯхтаашонро ба ҳамкоронашон меомӯзанд.

Давраҳои омӯзишӣ аз 22-юм то 27-уми феврал дар Душанбе ва аз 1-ум то 6-уми марти 2020 дар Хуҷанд баргузор мегарданд. Барномаи омӯзишӣ аз ҷониби коршиносони ширкати консалтингӣ аз Ҳиндустон – Skilift Consulting таҳия ва дарс дода мешавад.

Ҳадаф аз баргузории ин давраҳо омӯзиш додани равандҳои навтарини тарзу василаҳои дӯхти либос ба кормандони маҳаллӣ мебошад. Омӯзишгирандагон донишу маҳорати худро доир ба тарз ва раванди дӯхти либос сайқал дода, роҳҳои ноил гаштан ба натиҷаҳои беҳтар аз тариқи тағйир додани ҷараёни истеҳсолотро меомӯзанд. Дар баробари назария, гуруҳи иштироккунандагон бо тамринҳои амалӣ доир ба мудирияти кормандон ва методологияи баргузории давраҳои омӯзишӣ барои дӯзандагон фаро гирифта мешаванд.

Нантакумар Кандасамӣ, мутахассиси ширкати Skilift Consulting, мегӯяд, қарор аст, ширкаткунандагони ин давраҳо омӯхтаҳояшонро ба ҳамкоронашон дар корхонаҳо ва донишгоҳҳо омӯзонанд. Ӯ мегӯяд: “Ҳадафи мо таълим додани ҳамаи он чизе, ки доир ба мавзӯъи мазкур медонем, ба ширкатҳои дӯзандагӣ дар Тоқикистон мебошад. Бо истифода аз ин донишу малакаҳои нави ҳосилшуда, мо интизор дорем, ки маҳсулнокиии кор дар ширкатҳо то ба бештар аз 20% боло меравад”.

Бар иловаи давраҳои омӯзишӣ, мутахассисони Skilift аз 8-ум то 12-уми марти 2020 аз ширкатҳои шарики МТБ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд боздид мекунанд. Ҷаноби Кандасамӣ мегӯяд, “қисмати бештари давраҳои омӯзишӣ дар шакли амалӣ баргузор мегардад. Дар ҷараёни ин боздидҳо, мо тарз ва раванди дӯхт дар ширкатҳоро таҳлил мекунем, бо тренерони ояндаи дар дохили ширкатҳо шинос мешавем, доир ба менеҷмент машваратҳо медиҳем ва ҳамчунин, ба ширкатҳо кумак мекунем, то беҳтар шудани ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар корхонаро муайян ва арзёбӣ карда тавонанд”.

Дар доираи ин ибтикор, ширкатҳои дӯзандагие, ки дар давраҳои омӯзишӣ ширкат намудаанд, нақшаи семоҳаи фаъолияти худро барои амалисозиии методологияи тренингҳо дар дохили ширкатҳо омода мекунанд.

Дар бораи барномаи GTEX

Барномаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ  (GTEX) – барномаи чаҳорсола буда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Дар доираи он ба ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Осиёи Марказӣ (Қирғизистон ва Тоҷикистон) ва Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ (Миср,  Марокаш ва Тунис) кӯмак расонида мешавад. Ҳадафи барнома пешбурди содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва фароҳам овардани шароит барои дарёфти имкониятҳои даромад ва ҷойи кор дар тамоми занҷираи арзиш мебошад. Барои иттилоъи бештар доир ба фаъолиятҳои МТБ ба торнамои мо ва сафҳаи расмии мо дар Фейсбук сар бизанед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s