International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии мавзӯъи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар шаҳри Душанбе

Leave a comment

“Коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоӣ, рушди соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ – самти афзалиятноки саноатикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон” – мавзӯъи мизи мудавваре буд, ки рӯзи 18-уми феврали соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мизи мудаввар аз тарафи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ), ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқ, вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ, ва шарикони байналмилалии рушд ҷамъ омада, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Файзалӣ Раҷабов, раиси Шӯрои ИРБаХТ, гуфт: “Ҳадафи чорабинӣ дар шакли анъанавӣ ҷамъ овардани намояндагони бахши давлативу хусусӣ гирди як миз ва муколамаи озод миёни онҳо ҷиҳати беҳтар гардонидани фазои соҳибкорӣ дар соҳа мебошад. Дар нишасти имрӯза доир ба амалишавии барномаҳои соҳавии давлатӣ, вазъи ҳозираи корхонаҳо, истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, сифат ва арзиши маҳсулот ва таъсири он ба рақобатпазирии корхонаҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, талаботи бозори кор ва сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳа суҳбатҳо баргузор шуд”.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, дар суханронияш илова кард: «Ман мутмаинам, ки фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ, тайёр намудани мутахассисони муҳандисӣ ва коргарони ихтисосҳои асосии босалоҳият, таъмин намудани рақобатнокии маҳсулот дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, ва дигар ибтикороти лозима рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишварро таъмин менамояд ва қадами муҳимме дар роҳи коркарди ниҳоии нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мегардад».

Абдулло Муҳаммадиев, сардори департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқ, фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар соли 2020-ро таҳлил кард: «Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар дар соли 2020 бо вуҷуди пандемия нишондодҳои хубе дошт. Дар соли гузашта корхонаҳои соҳавӣ 19 287 тонна ресмони пахтагин, 13 705 000 м2 матоъи пахтагин ва 7 807 000 ҷуфт ҷӯроб истеҳсол карданд. Ҳамчунин, дар кишвар дар ҳаҷми 346 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ ва 2 859 000 сомонӣ маҳсулоти кешбофӣ дӯхта шуд. 926 594 дона либоси мактабӣ ҳам корхонаҳои кишвар истеҳсол карданд. Ба маблағи 58,8 миллион доллари ИМА маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ содир карда шуд».

Дар кори мизи мудаввар намояндагони Вазорати саноат ва тахнологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҷамъиятии ”Соҳибкорӣ ва рушд”, КВД бонки саноатию содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк”, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо “Тоҷикстандарт”, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд. Дар баромадҳо мавзӯъҳои гуногуни марбут ба соҳа, ба монанди такмили сохтор ва идораи коргоҳ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати рақобатпазир, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон, масъалаи андозбандӣ, баланд бардоштани сифат, бехатарӣ ва ҳаҷми дӯхти либосҳои  ягонаи мактабӣ, пешгирӣ аз воридоти ғайрирасмии маҳсулоти тайёри нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, таъмин намудани рақобатнокии солим дар бозори дохилӣ, дастрасии бахши хусусӣ ба қарзҳои имтиёзноки дарозмуддати бонкӣ, омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои босифати тиҷоратӣ, самаранок истифода бурдани имтиёзҳои андозӣ, баланд бардоштани дониш, қобилият ва малакаи касбии соҳибкорони соҳа ва ғайра баррасӣ гардиданд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар байни кормандони масъули Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд”, КВД бонки саноатию содиротии “Саноатсодиротбонк” ва соҳибкорону роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ вохӯрии мустақими тиҷоратӣ баргузор гардид.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s