International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамроҳ бо Ready4Trade тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд бидиҳед

Leave a comment

Лоиҳаи Ready4Trade Осиёи Марказӣ ширкатҳоеро, ки мехоҳанд дар интернет фурӯши маҳсулоташонро ба роҳ монанд, ва ё аллакай дар интернет ҳузур доранду мехоҳанд қадамашон дар фурӯшҳои интернетӣ собиттар гардад, барои иштирок дар лоиҳа даъват мекунад. Мусоидати лоиҳа ба ширкатҳо ройгон мебошад.

Дархостро ин ҷо пур кунед: https://forms.gle/LuJKknZfu8aHcSjK7

Рӯзи охирини қабул: 12-уми феврали соли 2021.

Ширкатҳое, ки дархост пур мекунанд, бояд хоҳишманди омӯзиш бошанд ва ба машварат гирифтану амалӣ гардонидани тавсияҳо таваҷҷуҳ нишон диҳанд. Масрафоти марбут ба гузоштани маҳсулот дар фурӯшгоҳҳои интернетӣ (ба монанди аксгирии маҳсулот, гузоштани он дар фурӯшгоҳ ва ғ.) пурра ё қисман ба дӯши худи ширкатҳо хоҳад буд. Интихоби ширкатҳо дар асоси озмун сурат мегирад.

Ширкатҳои хоҳишманд бояд дар Тоҷикистон сабтином гардида, дар Тоҷикистон ба истеҳсолот машғул бошанд. Таваҷҷуҳи махсус ба занони соҳибкор ва истеҳсолкунандагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва маводи ғизоӣ дода мешавад.

Маълумоти пешниҳодгардида танҳо ба хотири интихоби ширкатҳои ҳамкори лоиҳа истифода шуда, дар ҳеҷ куҷо паҳн карда намешавад. Дар сурати интихоби ширкат, МТБ ҳаққи номбарӣ аз ширкат ба ҳайси баҳрагирандаи лоиҳаро хоҳад дошт. Бо суолҳои бештар метавонед ба МТБ бо имейли itc.tajikistan@gmail.com муроҷиат кунед.

Бо роҳандозии лоиҳаи Ready4Trade Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ба иқдомҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ ба рушди умумии устувор ва фарогири иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ бо роҳи тақвияти тиҷорати минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамроҳ мегарданд. Баҳрагирандагони лоиҳаи мазкур ҳукуматҳо, соҳибкории хурду миёна, махсусан, ширкатҳое, ки раҳбарашон занонанд, ва созмонҳои ёрирасони тиҷорат мебошанд. Тафсилот:  intracen.org/Ready4Trade 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s