International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бохтар: тақдими 100 ҳазор ниқобҳои тиббии ройгон аз ҷониби соҳибкор ба муассисаҳои тандурустӣ

Leave a comment

06-2Нусрат Файзуллоев, муассиси ҶСШК “Ресандаи Қурғонтеппа” ба муассисаҳои соҳаи тандурустии  шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  100 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба таври ройгон тақдим  намуд.

Тавре аз Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон ба Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин соҳибкори ватанӣ  вазъи сирояти коронавирусро дар ҷаҳон ба инобат гирифта, ҷиҳати саҳм гузоштан дар пешгирии сирояти мазкур дар мамлакат 100 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба таври ройгон ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Бохтар  супорид.

Бино ба иттилои манбаъ, ниқобҳои мазкур  истеҳсоли ҶСШК “Ресандаи Қурғонтеппа” буда, 100% аз маҳсулоти пахта омода карда шудаанд. Ҳамчунин, дар корхонаи мазкур ниқобҳо аз рӯи андозаҳои гуногун, аз ҷумла барои кӯдакон низ истеҳсол карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар ҶСШК “Ресандаи Қурғонтеппа” 150 нафар мутахассисони маҳаллӣ кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора  99  фоизашонро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Айни замон корхонаи  мазкур  пурра ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ гузашта, он дар як шабонарӯз  7 ҳазор ниқоб  истеҳсол менамояд.

Манбаъ: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s