International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба роҳ мондани истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар корхонаҳои дӯзандагии мамлакат

Leave a comment

Эълон гардидани вазъияти фавқулодаи байналмилалӣ нисбат ба хуруҷи бемории коронавирус аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ андешидани тадбирҳои иловагиро вобаста ба гузаронидани амалиётҳои зиддиэпидемикӣ тақозо менамояд.

Вобаста ба ин, бо фармоиши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020, №23 ситоди дохилидоравии зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус «COVID-19» дар дастгоҳи марказии Вазорат ташкил карда шуда, нақшаи чорабиниҳо дар ин самт таҳия гардидааст.

Ҳамзамон бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар ҳамкориҳои судманд роҳандозӣ гардидааст.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ аз ҷониби як қатор корхонаҳои дӯзандагии кишвар, аз қабили ҶДММ «Сифат Саноат», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Тоҷтекс», ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Фарм Суғд», КВД «Нури Ховар», ҶДММ «Кооператор», ҶДММ «Фармтекс», ҶДММ «КоТа Глобал» ва дигарон истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Иқтидори истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар корхонаҳои мазкур дар як рӯз зиёда аз 150 ҳазор донаро ташкил дода, тибқи таҳлилҳо ҳамарӯза дар ҳудуди 45 – 50 ҳазор дона ин намуди маҳсулот истеҳсол шуда, ба фурӯш бароварда мешаванд.

Ғайр аз ин, дар баробари истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти дӯзандагӣ дар ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» истеҳсоли рахти хоб, ҷойпӯшҳо ва либосҳои беморхонагӣ аз матои пахтагин, дар ҶСК «Гулистони Душанбе» хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, дар ҶДММ «Сифат Саноат» хилъатҳои тиббӣ ва дар ҶДММ «Фармтекс» истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст, ки ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар мусоидат менамояд.

Манбаъ: Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s